Танҳо нишин гӯша ғмхонаҳ худем
Ганҷ ғамем ва дар дил вайрона худем
Лаб тар накардаем зи ҷому сабуии кас
Ҷовиди масти ҷуръа ва паймона худем
Бо ғам нишастаем ба тадбири ақли хеш
Мо ошно ба душман ва бегона худем
Бас дар гушӯдаем , чаҳ душман , чаҳ дӯст ро
Мо қуфл бекушод дар хона худем
Ширин накардаем лаб аз гуфту гӯии кас
Лабҳо ба заҳри шаста афсона худем
Гоҳе фиреби тавба ва гоҳе фасоди зарқ
Бозичаи табиат тифлона худем
Ғайрат раво надошт ки бурқаъ барафканем
То ҷумла бингаранд ки ҷонона худем
Урфӣ бирав , таҳия афсун макун ки мо
Сайди фиреби доми худ ва дона худем