Дардӣ ки ба афсона ва афсун равад аз дил

Сад шӯъбадаи ангез ки берун равад аз дил

Мамнӯнам аз ин шева ки ҳар ҷавр ки кардӣ

Андеша накардӣ ки маро чун равад аз дил

Он ба ки ба дил раҳ надаҳум рӯзи саломат

Онҳо ки дар ошӯб шабихун равад аз дил

Аз бас ки дил сӯхтаам ташна сулҳ аст

Ҳар ҷавр ки фардо кунӣ , акнӯн равад аз дил

Урфии раҳи маҷнӯни Марв , ин дард на дардӣ аст

Каз биҳдаҳи гардидан ҳомӯн равад аз дил