Танҳо на далқи худ ба май ноб шаста ем

Номӯси як қабӣла ба ин об шаста ем

Қисмат балост варна май олӯдаи далқи хеш

Сад раҳи зи шавқи гӯшаи миҳроб шаста ем

Мо тавба душманему қадаҳи дӯст , давр нест

Каз дили ҳавои суҳбати асҳоб шаста ем

Аз баси шукуфта дар даҳани теғ рафта ем

Тарси қиёмат аз дили қассоб шаста ем

Ҳам куфри мо ба лиззат ва ҳам дайни мо ба завқ

Зуннору сбҳаҳ дар шукри ноб шаста ем

Товони дил ато бикун эй дили шикан ки мо

Аз дафтари муомилаи ин боб шаста ем

Урфӣ бибин ки гиря чаҳ тӯфон намӯда аст

Каз чашми бахти дӯстии хоб шаста ем