Хезу шароби ҳайратам , зон қади ҷилваи сози даҳ

Рӯй ба рӯй ишқ кун , даст ба дасти нози даҳ

эй дил сода гуфтамат , ном вафо мабар кунун

Марҳами доғи хешро , аз намаки имтиёзи даҳ

Тавсан ноз карда зин , эй дил офият гузин

Мӯӣ ба мӯии хешро , муждаи трктози даҳ

Кӣ ду арӯсро ба ҳам , тоби мушорикат буд

ё дар мардумӣ бизан , ё се талоқи ози даҳ

Шеваи сомрӣ буд , неки киришмаҳои ту

ё ба фидоӣ ишва кун , ё ба закоти нози даҳ

ё раб аз он киришмаам , ковуши дил насиб кун

Синаи Кебеки зодаро , нохуни шоҳбози даҳ

Дам зада урфӣ аз вафо , то знмш ба имтиҳон

Дашна заҳр додае , зон мижаи дарози даҳ