Гӯи зи ман дили ҷамъи дори он кас ки бо ман душман аст

Ҳар ки худро дӯст медорад ба душман душман аст

Дар ҳисори офият безавқро ором нест

Он ки завқ фитна ёбад ба оҳан душман аст

Гӯш маъзуласт дар хлўтгаҳи арбоби роз

Дӯди шамъи хилвати эшон ба равзан душман аст

Бас ки дидам ҷаври душман , душманам бо ҷаври дӯст

Он ки дар оташ буд бо нори эмин душман аст

Дӯстӣ бо душманам бе баҳраи меҳр ангезӣ аст

Дӯстӣ дӯст дорам вар на душман душман аст

Бас ки дар комам асар кардааст завқи иттифоқ

Боварам бояд ки зоҳид бо брҳмн душман аст

Бас ки лиззат май барам аз душманиҳои ғамат

Ҳам чу ҷонаш дӯст дорам ҳар ки бо ман душман аст

Дарпазирам сад ғаму нгшоим аз номӯси лаб

Дил ба мотами дӯст аммо лаб ба шеван душман аст

Дард ишқаст эй табиб ва дар давои заҳмати макаш

Ҳар ки ин хораши хулд дар по ба сӯзан душман аст

Дар нагирад суҳбати урфӣ ба шайхи савмиъа

Кӯ ба зираки душману урфӣ ба кавдан душман аст