Хоҳӣ ба замин нишину хоҳӣ ба бисот

Хоҳӣ ба ғамаши гузору хоҳӣ ба нишот

Дунёи ҳама манзиласт монанди работ

Охири ҳамаро гузошт бояд ба сирот