Гар бинавозӣ бандаи мақбули туам

Гар нанавозӣ чокари маъзули туам

Бо раду қабули ту маро корӣ нест

Зеро ки ба ҳар ду кори машғӯли туам