Сари дардам бар табиб осон набӯд

Гуфт : таби дорӣ , ғалат кард , он набӯд

Нӯш дору дод ва он судӣ надошт

Гул шукр фармуд ва он дармон набӯд

Бар табибами сӯзи дил пӯшида монад

Варна ашк дидаам пинҳон набӯд

Ман бкўшидм ки : гӯям ҳоли хеш

Дил ба дасту нутқ дар фармон набӯд

Ишқро ҳам ошиқӣ донад ки : чист ?

Ишқ донистан чунин осон набӯд

Аз далели ин дардро натавон шинохт

Дар китоби ин нуктаро бурҳон набӯд

Гар чаҳ оҳами барда буд аз чеҳраи ранг

Ашки чашмами камтар аз борон набӯд

Ҷон ба ёд дӯст мерафт аз танам

Ин чунин ҷон доданӣ арзон набӯд

Аз фироқи андеша Эй мекард дил

Варна , биллоҳ , кам сухан дар ҷон набӯд

эй ки гуфтӣ : чора медонам туро

Авҳадӣ низ ин чунин нодон набӯд

Чораи ман васл буд , аммо чаҳ суд ?

Кони ситамгар бар сар паймон набӯд