эй ки рафтӣ ва нарафтӣ нафасӣ аз ёдам

Хоки пои ту чу гаштам чаҳ диҳӣ бар бодам ?

Пас азин пеши ман аз ҷавр макун ёд , ки ман

То ғулом ту шудам зини дгарони озодам

Чанд пурсӣ ту ки : аз ишқи миннат ҳосил чист ?

Ҳосил онаст ки аз тахт ба хоки афтодам

Кардам андешаи худ : маслиҳат онаст ки ман

Бар кунам дили зи ту , варна бикунӣ бунёдам

Оҳанӣнаст дилат варна бубахшӣ бар ман

Чун бибинӣ ки зи ғам дар қафаси фӯлодам

Аз дили сахти ту он рӯзи ман огоҳ шудам

Ки ҷигар хаста бидидӣ ва надодӣ додам

Макун , эй моҳ , ҷафо бар тани ман , каз ғами ту

Авҳадии вор ба хуршед расад фарёдам