Дигар рахти азин хона бар дар ниҳодам

Дигар хоки он кӯча бар сари ниҳодам

Дигар пои сабр аз замин барграфтам

Дигар дасти ғорат ба дил дар ниҳодам

Дигар аҳд бо нестӣ тоза кардам

Дигар бор ҳастӣ ба хар бар ниҳодам

Ба буии гули ориз ӯ дили худ

Дар он зулф чун сунбултар ниҳодам

Чунон дил ба шамъи рух ӯ супурдам

Ки бо нури чашмаши баробари ниҳодам

зи ашк чу хӯн бар рухи заъфаронӣ

Чу лаъли бадахшӣ ба зар бар ниҳодам

Мусулмон кунун сохтам Авҳадӣ ро

Ки дар дасти он чашми кофари ниҳодам