Агар чаҳ аз бар ман борҳо чу тир биҷустӣ
Ҳам охирами бкшидӣ ва чун камон бишикастӣ
Даромадам ки нишинам , бурун шудӣ ба шикоят
Бурун шудам ки биёям , дирам ба рӯй бибастӣ
Маро ба доғ бикуштӣ , вале зи боғи рухи худ
Гулам ба дасти надодӣ , дилам ба хори бхстӣ
Ҳалоки ҳамчуи манӣ дар ғами ту ҳайф набошад ?
Ман ар зи пои даройам чаҳ бок ? чун ту ба дастӣ
Мубин дар оинаи он зулфу чеҳраро , ки агар ту
Чунон ҷамол бибинӣ касе дигар напарастӣ
Ту бо камоли бузургӣ ва эҳтишом надонам
Ки дар даруни дили танги ман чигуна нишастӣ ?
Марои зи мастӣ ва ишқаст номи зулфи ту бурдан
Ки қиссаҳои парешони зи ишқи хезаду мастӣ
Намоз шом надидӣ ? ки пеш рӯй чу моҳат
Чигуна меҳр адам шуд зи шарм бо ҳама ҳастӣ
Мабар ситеза , чу ман коми дили зи лаъл ту ҷӯям
Чаҳ ҳоҷатаст хусумат ? биор бӯсау рстӣ
Ту худ ниёе ва ман пешат омадан натавонам
Магар ба дасти расӯлам ҳикоятӣ бифиристӣ
Агар ҳазор диласт аз ғамати яке нрҳонм
Ки боду ғамза чун тиру боду зулф чу шастӣ
Матарс дар ғамаш эй Авҳадӣ , зи хорӣу меҳнат
Ки аўФтодаҳ натарсад зи хоксорӣу пастӣ
Гар он ду наргиси ҷодӯ ба ҷон халос диҳандат
Зиҳии анояту давлат ! бирав ! ки неки брстӣ