Моро чу туоне ки зи худ давр фиристӣ

Ин низ туоне ки бмо нур фиристӣ

Дар ваъдаи фардои ту ин сабр ки кардем

Моро ту мабодо ки бар ҳур фиристӣ

Бе миннати Мӯсои суханӣ чанд зи дидор

Банавис дар он лавҳ ки аз тавр фиристӣ

Ҳар нома ки аз пеш ту омад ҳама шуд фош

Зеро ки ту бо он даф ва тнбўр фиристӣ

Чун ман на ба худ бошаму хотир на ба сомон

Расво шавад он низ ки мастур фиристӣ

Сари ҷумла ба тафсил ндонӣ ки бигӯям

Пеши ман ар аврод чу дастур фиристӣ

Ғайр аз сухани васли ту бояд ки нагӯяд

Қосид ки ба пеши ман маҳҷӯр фиристӣ

Бо рӯй ту кӯи фурсати гуфтор ? магари худ

Пайғому нишони худ аз он сур фиристӣ

Зини гулхан ва вайрона биринҷем , насимӣ

Вақтаст казон гулшан маъмур фиристӣ

Ранҷур ту шуд Авҳадӣ , эй моҳ чаҳ бошад ?

Гар шарбати он васл ба ранҷур фиристӣ