Туро май зебад аз хубони ғуруру нозу тани дорӣ
Ки анбар бар баёзи симу сунбул бар самани дорӣ
Чу гуфтам : ошиқам , бар ту , шудӣ бар хӯни ман чира
Наме ранҷам кунун аз ту , ки ин шухии зи ман дорӣ
Дил ар ту хостӣ , додам дили маҷрӯҳу ҷон бар сар
Чу барадӣ бе сухани ҷонам , дигар бо ман сухани дорӣ ?
Маро дар ҷома май ҷӯӣ , наёбӣ ҷузи хаёл аз ман
Чаҳ ҷои ҷома ? кини ҷои ту шаҳидон дар кафани дорӣ
Диловезӣу дилбандӣ , намедорам шикеб аз ту
Ки болоӣ чу сарват ҳасту зулфӣ чун расани дорӣ
Назири зулфи ҳиндӯии ту гар гӯям хато бошад
Гуҳ аз шомаши саҳари хезад , гуҳ аз чинаши хутани дорӣ
Дарахтони чаманро пой нобӯсида нагузорам
Ба ҳукми онкӣ гоҳе тугузорӣ дар чамани дорӣ
Чу гул чокаст пероҳани басии касроу дили пурхӯн
Аз он андом ҳамчун гул ки андари перҳани дорӣ
Ба дашному ҷафо , ҷоно , маёзор Авҳадиро дил
Азон халқ халқ бигзор , чун ҳасани ҳасани дорӣ