Ҳар ба умрӣ назд худ рӯзӣ ба меҳмонами барӣ

Пардаи пеш рух бабандӣ , пас дар айвонами барӣ

Худ нахоҳӣ ҳеҷ вақтам вар бихонӣ соъатӣ

Хӯни чашм ман бирезӣ , то ки бар хонам барӣ

Дасти беруноварӣ аз парда , чун гӯйии сухан

То биндозӣ зи пой онгаҳ ба дстонми барӣ

Номи ман бадноми гӯйӣ , то миёни марду зан

Рози ман пайдо кунӣ , вонгоаҳи пинҳонами барӣ

Гар надонам роҳи бом , аз офтоб рӯй худ

Дар фиристӣ партав ва чун зарра дар бонами барӣ

Раҳи намое ҳар замон бо кеш ва қурбонам бидиҳ

Чун ман андар даҳ шавам бекешу қурбонами барӣ

Нохалаф шуд номи ман , бас каз дукон бигурехтам

Ин замон судӣ надорадгар ба дуконами барӣ

Чун амонатҳо ки додӣ гум шуд андари дасти ман

Муфлисӣ бар дасти гирам , то ба зиндонами барӣ

Гар ба қозӣ мебаранд онро ки мастӣ ме кунад

Ман харобӣ мекунам , то пеши султонами барӣ

Чун ба ҳамроҳӣ қабулам кардӣ , ар сар ме равад

Дастат аз домон надорам , то ба поёнами барӣ

Авҳадирогар диҳии дам , ё барии дил , ҳокимӣ

Ман чунин нодони ним , кинами диҳӣ , онам барӣ