Шохи райҳонии ту , ё барги гули сӯрӣ ? бигӯӣ

Офтобӣ ? ё парӣ , ё чеҳраи нурӣ ? бигӯӣ

Бо чунон болоу дидори биҳиштии кони тест

Аз чаҳ моро кардае дар дӯзах эй ҳурӣ , бигӯӣ

Дигаронро чун маҷолӣ медиҳӣ наздики худ

Аз ман ошуфтаи бедил чаро даврӣ ? бигӯӣ

Чун ки бо мо бода хӯрдӣ қисса рафтан магӯӣ

ё чу бо мисатон нишастӣ тарк мастурӣ бигӯӣ

эй ки моро сарзаниш кардӣ ки : ин ошӯб чист ?

Бо шароби сурхи софи сарф ангурӣ бигӯӣ

Ақли маъзӯрам куҷо дорад , ки дар фаслии чунин

Тарки ҷом бода гӯям ?гар ту маъзӯрӣ бигӯӣ

Авҳадӣ ,гар панди хоҳӣ додан ин ошуфта ро

Он суханро , ин замони мастам , ба махмурӣ бигӯӣ