Дил аз мо бар гирифтӣ , ёд май дор
Ҷафо аз сар гирифтӣ , ёд май дор
Ба дасти ман надодии зулф ва боман
Ба мӯе дар гирифтӣ , ёд май дор
Чу дастам танг дидӣ , чун даҳонат
Касе дигар гирифтӣ , ёд май дор
Маро дарвеш дидӣ , рафтӣ аз ғам
Рухам дар зар гирифтӣ , ёд май дор
Дили ман риш кардӣ , дайгарӣ ро
Чу ҷон дар бар гирифтӣ , ёд май дор
Маро чун ҳалқа бар дар дидӣ , акнӯн
Ба тарк дар гирифтӣ , ёд май дор
Гирифтӣ даст яксар дӯстон ро
Маро камтар гирифтӣ , ёд май дор
Чу дидӣ дар сари ман сӯзи меҳрат
зи кин ханҷар гирифтӣ , ёд май дор
Чу сар гардон бидидӣ Авҳадӣ ро
Забонаш бар гирифтӣ , ёд май дор