зи ҷоми ошиқии мастам дигар бор

Буридам меҳру пайвастам дигар бор

Ба доми оқилӣ афтода будам

зи доми оқилии ҷустам дигар бор

зи ишқат тавба кардам , чун бидидам

Туро , он тавба бишикастам дигар бор

Вуҷӯдам нест гашт аз ишқ , то ту

Напиндорӣ ки ман ҳастам дигар бор

Марои маъзӯри дор , ар бар хурӯшам

Ки ҳам девона , ҳам мастам дигар бор

зи дам дар доманати даст , ар бигирӣ

Дарин бечорагии дастам дигар бор