Ки рӯзи ғам басар хоҳад шуд охир
Сухан навъе дигар хоҳад шуд охир
Ниҳоли орзӯ дар синау дил
Ба шодӣ борвар хоҳад шуд охир
Чу зар буд аз ҷафо рӯй ту аввал
Вале карт чу зар хоҳад шуд охир
Ба таъйиди саодати ахтари меҳр
зи бурҷи ғам бадар хоҳад шуд охир
Бихоҳам дод коми дӯстон ро
Ҳикоят мухтасар хоҳад шуд охир
Даҳони ошиқ аз лўзинаҳи васл
Пар аз шаҳд ва шукр хоҳад шуд охир
зи меҳри Авҳадӣ бар рӯй он моҳ
Ҷаҳониро хабар хоҳад шуд охир