Буд ки даргузаранд аз гуноҳкории мо
Ки беш аз гунаҳи мости шармсории мо
Шиддат чаҳ зуди фаромӯши аҳди ёрии мо
Ба ёрии ту на ин буд умедвории мо
Ҷафоу ҷаври ту бо мо ба ихтиёр ту нест
Чунон ки нест вафо бо ту , ихтиёрии мо
Ба поки домании мо ҳануз нест касе
Агарчӣ шуҳра шаҳраст майгусорӣ мо
Буд қарори пас аз куштанаш , чу ме монад
Ба бе қарории симоб , бе қарории мо
Ба тан назор ва ба дили зор то ба кӣ бошем ?
Бибин нзории мо , раҳм кун ба зории мо
Кунун зи лутф ба марҳамии вагарна чаҳ суд ?
зи кор чун гузарад кори захми кории мо
Надидаи ошиқӣу тифлӣ ва наме доне
Фиғону нолае ғайр аз хурӯшу зории мо
Ба хеши душман ва бо хасм дӯстем , « рафиқ »
Тариқи душманӣ инасту дӯстдории мо