Ошиқи ёрии ҷафо бисёр мебояд кашид
Ҷаври ағёру ҷафои ёр мебояд кашид
То муяссар гардадат рӯзии магари дидори дӯст
Рӯзгории ҳасрат дидор меёбад кашид
Заҳмати ағёр мебояд кашид аз баҳри ёр
Толиби гулро ҷафои хор мебояд кашид
Ошиқонро аз барои иззат кам аз ҳабиб
Аз рақибони хорӣ бисёр мебояд кашид
Ҳар замон бар чеҳра , хӯни дида мебояд фишонд
Ҳрдм аз дили нолаҳои зор мебояд кашид
Қиссаи ишқу ҷунун хуш нест дар хилвати рафиқ
Рахти худро бар сари бозор мебояд кашид