Ин моҳ ки ҷо ба бом дорад
Рӯе чу ма тамом дорад
Ман ном надонамаш бгўӣид
Кин моҳи лақо чаҳ ном дорад
Аз манзари дида гарчи давр аст
Дар хилвати дил мақом дорад
Чун қомат ӯ куҷо буд сарв
На ҷилва ва на хиром дорад
Савдои висол май пазади дил
Бечораи хаёл хом дорад
Гар бандаи саги туам чаро ғайр
Дар ин сари кӯ мақом дорад
Аҳволи рафиқ метавон ёфт
Зини сӯз ки дар калом дорад