Шоҳи ман бо хайли хубон чун з роҳӣ бугзарад

Рости пиндорӣ ки шоҳӣ бо сипоҳӣ бугзарад

Чун з пешам бугзарад сӯзади зи сар то пои маро

Ҳамчуи он барқӣ ки аз пеш гиёҳӣ бугзарад

Чун набошад умри ман кӯтаҳ ки аз ҳиҷрон ба ман

Бе ту ҳар шаби солӣ ва ҳар рӯз моҳӣ бугзарад

Онкӣ беёдаш дамӣ нагузашт бар ман кошкӣ

Ёди ман бар хотир ӯ гоҳ-гоҳе бугзарад

Гарчи кори чашми шӯхаш бе гунаҳи ошиқ кашӣ аст

Чашм дорам каз гуноҳ бегуноҳӣ бугзарад

Мо гадоён аз куҷоу базми ту , баси ҷои мо

Бар сари роҳӣ каз онҷо чун ту шоҳӣ бугзарад

Онкии сӯзади ҷони халқ аз оташи хеши рафиқ

Оҳ агар ногоҳ сӯяши барқ оҳӣ бугзарад