Ғамин ишқи ғами рӯзгор кам дорад

Худ ин ғам онкӣ надорад ҳазор ғам дорад

Ҳарими дайр кунун фахр бар ҳарам дорад

Ки нозанини санамӣ чун ту муҳтарам дорад

Касе ки чун ту ҳабиби Масеҳ дам дорад

Табиб агар накунад чорааш чаҳ ғам дорад

Нишони онкӣ раҳаш зад паривашӣ инаст

Ки хандаи гуҳи бгаҳу гиряи дам ба дам дорад

Ҷамоли ҳуру камоли фириштаи тарзи парӣ

Нигор ман ҳама дорад , дигар чаҳ кам дорад

Касе ки бо саги кӯии прирхӣ шудаи ром

Фароғат аз парӣу гулшан Ирам дорад

Даруни сина бутӣ дорам ва напиндорам

Ки ҳеҷ бткдаҳи дигари чунин санам дорад

Чигуна ҷони нспорди зи рашк ӯ ошиқ

Ки зар надораду ағёр муҳташам дорад

Ба қатъи бодия ҳоҷат надорад он солик

Ки аз гузаргаи дили роҳ бар ҳарам дорад

Магӯ ки ёри ту кам дорад ону ҳасани рафиқ

Ки дорад ону зи он низ беш ҳам дорад