Дил ҳар кас ба кории хуши ману ишқи нигории хуш

Ки чун ишқи нигорӣ хуш набошад ҳеҷ кории хуш

Чаҳ хуши рӯзӣ буд хуррам чаҳ хуррами рӯзгори хуш

Ки бошад дӯстӣ аз дӯстии ёрии зи ёрии хуш

Барор умедаш эй умедгоҳи ман ки хуш бошад

Кунад умед гоҳегар дили умедвории хуш

Ба корӣ карда хуш аз корҳо дил ҳар як аз ёрон

Дил худ кардаам ман ҳам ба кори ишқи ёрии хуш

Нигорои гоҳи гоҳ аз ваъдае хуш кун дили мо ро

Чаҳ хуштар з инки бошад бедилӣ аз интизории хуш

Мадор эй носеҳи бекор бо мо микшони корӣ

Ту кории баҳри худ хуш кун ки мо дорем кории хуш

Чу дилбар хуш накард аз васли худ якбори моро дил

Дили худ мо ба ёди васл ӯ кардем бории хуш

Навиди ваъдае гар башнавад рӯзии рафиқ аз ту

Ба умед висолат бигузоранд рӯзгории хуш