Хуштар з тӯбоаст ба хӯбии ниҳоли ту

Тӯбои куҷоу қомати тӯбои мисоли ту

Моҳии ту на ки моҳ набошад чунин ҷамил

Меҳрии ту на ки меҳр надорад ҷамоли ту

Ҳошо ки офтоби ҳамаи рӯза дар завол

Бошад чу офтоби рух бе заволи ту

Аз моҳи чордаҳи ту ба некии гузашта Эй

Аз чордаҳ ҳамон нагузаштааст соли ту

Май зибдши таҳаккуми гулҳои бӯстон

Сарвӣ ки дар чаман будаш эътидоли ту

Фархундаи боди толеъи ту чун рахти мудом

Фархундаи фолам аз рухи фархундаи фоли ту

Дай дидамат ба ғайру зи ман мунфаил шудӣ

Ман низ мунфаил шудам аз инфеъоли ту

Шўроби чашмӣу лаби хушкии маро бас аст

эй Хизр аз ту чашма ӣ оби зулоли ту

Шуд хатм бар ту шева ӣ қавлу ғазали рафиқ

Болҷмлаҳ қоилем ба ҳасани мақоли ту