То калаки қазо рақам кашида
Нақшӣ чу рухи ту кам кашида
Суратгари чини зи рашки рӯят
Бар сӯрати чин қалам кашида
Ту он санамӣ ки ҳар ки ҷомӣ
Аз дасти ту эй санам кашида
На ёди зулол Хизр карда
На ҳасрати ҷом ҷам кашида
эй по ба раҳи ҷафои ниҳода
Аз роҳи вафо қадам кашида
Акнӯн на рафиқи ҷаври ишқат
Пай дар пайу дам ба дам кашида
То дида ва то кашида аз ту
Меҳнати дида ситам кашида