Одат ба ин макун ки кунӣ ҷавру кини ҳама
Некӯаст ҷавру кини зи накӯён на ин ҳама
Аз дилбарон кадом биноланд ошиқон
Ҳастанд ин гуруҳи ҷафоҷуи чунин ҳама
Нақс ту нест ҷавру ҷафо зонка бӯда анд
Хубони ҳамаи чунону накӯёни чунин ҳама
Сад дард бар диласт марои ғайри дарди ишқ
эй кош буд дарди дили ман чунин ҳама
Бо рӯй ин чунин гузаригар ба чин шаванд
Ҳайрон рӯй хуби ту хубони чини ҳама
Зон лаъли лаб ки хотам хӯбӣаст бошиддат
Ҳар малики дил ки ҳаст ба зери нигини ҳама
Моҳӣ на чун рухи ту буд бар ҳамаи фалак
Сарвӣ на чун қади ту буд бар замини ҳама
Гоҳе ба ман з рӯй тараҳҳум нигоҳ кун
Бар рағми ман ба сӯии рақибони мубини ҳама
Ҳар ҷо рафиқ хонд ба васфи ту шеъри хеш
Карданд аҳли табъ бар он офарини ҳама