Ҳайф аз ту ки бо аҳли вафо ёр набошӣ
Ёр ҳама бошӣ ва ба мо ёр набошӣ
Гар ёр набошӣ ту ба мо айб набошад
Шоҳии ту чаҳ айб ар ба гадо ёр набошӣ
Меҳрии ту аз он рӯ накунӣ майл ба зарра
Моҳии ту аз он рӯ ба гадо ёр набошӣ
Беёр буд ёри ту зеро ки ту бе меҳр
Бо ҳар ки буд бошӣ ва бо ёр набошӣ
Мисли ту касеро ба ҷаҳон ёр набошад
Гар бо ҳамаи кас дар ҳамаи ҷо ёр набошӣ
Улфати бабр аз халқ агар марди худоӣ
То ёр ба халқӣ ба худо ёр набошӣ
Беёр набошӣ чу рафиқ эй дил бе кас
Гар бо ҳамаи каси баҳри вафо ёр набошӣ