Ҷони мангар дил ба даст длстонӣ доштӣ
Раҳм бар хӯни дили озурда ҷонӣ доштӣ
Беш аз ин будӣ ба ошиқи меҳрбон эй сангдил
Гар бути сангини дил номеҳрбонӣ доштӣ
Бехабар кӣ будӣ аз дарди ниҳони ман чунин
Гар чу ман дар ошиқии дард наоне доштӣ
Манъ ман кардӣ куҷои зи оҳу фиғон дар ишқ агар
Аз ғами маъшуқае оҳ ва фиғонӣ доштӣ
Кӣ гумони бад ба ман медоштӣ дар ишқи хеш
Гар чу худ ошиқи фиреб ва бадгумонӣ доштӣ
Бар дили ман кӣ задӣ новак агар захмӣ ба дил
Аз хаданги ғамза абрўкмонӣ доштӣ
Доштӣ бар ҷону дилгар дарду доғӣ эй рафиқ
Оҳи оташбору чашм хӯн фишонӣ доштӣ