Шаби ҳиҷрони ҳамаи диданди ёрони ҳоли зорам ро
Яке аз ҳоли зор ман накард огоҳи ёрам ро
Набошад ғайри барги зарду норади ҷуз бар ҳасрат
Ниҳол орзӯемроу нахли интизорам ро
Макун ошуфтаи он зулфи парешонро чунин , то кӣ
Кунӣ ошуфтаи рӯзамро , парешони рӯзгорам ро
Чунон бошад ки аз ҷинати маро дар дӯзах андозанд
Ба гулшангар бар бод аз сари кӯяши ғуборам ро
Рафиқ аз дидаи боради ашк чун борон , шаби ҳиҷрон
Бибинад ҳар ки ашки чашму чашми ашкборм ро