Чунон гашта комами зи айёми талх
Ки шаҳдам чу заҳраст дар коми талх
Чу нокомӣаст ин кигар коми ман
Буд субҳ ширин шавад шоми талх
Агар шаҳд нӯшам шавад ҳамчуи заҳр
Ба коми ман дарди ошоми талх
Кунад то кунад дилбарами талх , ком
Лаби шаккаринро ба дашноми талх
Аз оғоз шуд гарчи ушшоқ ро
Майу соғару бодау ҷоми талх
Аз он соғару ҷом то ин замон
Чу ман талхкомӣ нашуд коми талх
Буд ишқи он ба ки бошад рафиқ
Дар оғози ширин дар анҷоми талх