Ба дил ҳар каси ғам ҷонон надорад
Дилаши орому ҷисмаш ҷон надорад
Буд хуши меҳру кин аз маҳвашон , ҳайф
Ки ин дорад маи ман он надорад
зи ту то сӯрати чин фарқ инаст
Ки ту ҷони бахше ва ӯ ҷон надорад
Касе кони ориз ва хат дид дигар
Сари сайри гул ва райҳон надорад
Дилами он чошнӣ дорад аз он лаб
Ки Хизр аз чашма ӣ ҳайвон надорад
Тбибо бигузар аз дармони дардам
Надорад дарди ман дармон , надорад
Сазояш дор бошад ҳамчуи Мансур
Ки рози ишқро пинҳон надорад
Ба роҳаши пой аз сар кун ки поён
Рафиқи ин роҳ бепоён надорад