Куҷои майл гулистонаст мо ро

Гулистон - бе ту зиндон -аст мо ро

Азон гули перҳани афғон ки аз вай

Гули ҳасрат бдомонаст мо ро

Ба дилдор ва ба ҷонон дар раҳи ишқ

Дилу ҷон додан осонаст мо ро

Ки дили моро буд аз баҳри дилдор

Ки ҷон аз баҳр ҷононаст мо ро

Ҷароҳатҳои мо дар синау дил

На аз шамшер ва пайконаст мо ро

Ба дили сад рахна ва дар синаи сад чок

Аз он абрӯ ва мижгонаст мо ро

зи ту ҳар лаҳзаи сад доғу дусади дард

Чаҳ ғамгар бар дил ва ҷонаст мо ро

Ҳамон доғи ту моро ҳаст марҳам

Ҳамон дарди ту дармонаст мо ро

Рафиқи ин ашку оҳи ошкоро

зи доғу дард пинҳонаст мо ро