Хушо касе ки кабобу шароб бо ту хӯрд

Шароб бо ту банушад кабоб бо ту хӯрд

Шавад ба зоиқа чун шаҳди ноби ширинаш

Агар касе ба мисли заҳри ноб бо ту хӯрд

Ба рӯзи маҳшари зи мастӣ магар шавад бедор

Шабии шароб касе гар бихоб бо ту хӯрд

Тамом умр хӯрд бе ту хӯни дили рӯзӣ

Ба умри хеш ҳар онкўи шароб бо ту хӯрд

Шароб бо ту хӯрд чанд муддаӣ ёрб

Дигар маҳоли наёбад ки об бо ту хӯрд

Ту оннигор масеҳои дамӣ ки ме хоҳад

Масеҳ аз қадаҳи офтоб бо ту хӯрд

зи ҳавли рӯзи ҳисобаш буд рафиқ чаҳ бок

Агар шабии қадаҳ беҳисоб бо ту хӯрд