Аз лутф чу дар назар наме ое
Аз парда чаро ба дар наме ое
Дар мадраки ақлу ҳис наме ганҷӣ
Дар гӯшаи мухтасар наме ое
Ҷонам бар лаби з интизор омад
Таслим кунам агар наме ое
Пар шуд ҳамаи бом ва бар зи ғавғоят
Бо онкӣ ба бом дар наме ое
Ҳангоми талофии дили афкорон
Бо ишваи хеш бар наме ое
Мо бар дар ҳиҷри ҷони диҳем ва ту
Бо мо з дар дигар наме ое
эй гиря балот чист каз чашмам
Бе лухти ҷигар ба дар наме ое
Кайфияти зиндагӣ наме фаҳмӣ
То бо ғами ишқ бар наме ое
То як сари мӯӣ аз ту ме монад
Бо як сари мӯӣ бар наме ое
Гуфтӣ ки намонда пои рафторам
эй мард чаро ба сар наме ое
Ҳаргиз нарӯй ки боз дар чашмам
Хуштар зи дам дигар наме ое
Умрат шуду тӯшае наме бандӣ
Гуё ту бад-ӣни сафар наме ое
Дигар ба сар разӣ наме ояд
эй умр чаро ба сар наме ое