Ба сарои сипанҷи меҳмон ро

Дил ниҳодани ҳамешагӣ на равост

Зери хоки андарунат бояд хуфт

Гарчи акнӯнат хоб бар дебост

Бо касон бӯданат чаҳ суд кунад ?

Ки ба гӯри андарун шудан танҳост

Ёри ту зери хоки мӯру магас

Чашм бигушо , бибин : кунун пайдост

Он ки зулфин ва гесуят перост

Гарчи динор ё дирамаш баҳост

Чун туро дид зрдгўнаҳ шуда

Сард гардад дилаш , на нобӣност