Зиндагонӣ чаҳ кӯтаҳ ва чаҳ дароз

На ба охир бамурд бояд боз ?

Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд

Ин расанро , агар чаҳ ҳаст дароз

Хоҳии андари ъноу шиддати зӣ

Хоҳии андари амон ба неъмату ноз

Хоҳии андактар аз ҷаҳон бипазир

Хоҳӣ аз рай бигир то ба тароз

Ин ҳамаи бод ва буд ту хоб аст

Хобро ҳукми не , магар ба муҷоз

Ин ҳамаи рӯз марг яксонанд

Нашиносӣ зи як дигарашон боз

Ноз , агар хубро сазост ба шарт

Насазад ҷузи туро киришмау ноз