Шунидам ки дар вақти назъи равон

Ба ҳурмуз чунин гуфт Нӯшервон

Ки хотири нигаҳдор дарвеш бош

На дар банди осоиш хеш бош

Наёсоед андари диёри ту кас

Чу осоиши хеши ҷӯӣу бас

Наёяд ба наздики донои писанд

Шубони хуфтау гург дар гӯсфанд

Бирав поси дарвеши муҳтоҷи дор

Ки шоҳ аз раият буд тоҷдор

Раият чу беханду султони дарахт

Дарахт , эй писар , бошад аз бехи сахт

Макун то туоне дили халқи риш

Вагар мекунӣ мекунӣ бехи хеш

Агар ҷодае боядат мустақӣм

Раҳи порсоён умедасту бим

Табиат шавад мардро бхрдӣ

Ба умеди некӣу бими бадӣ

Гар ин ҳар ду дар Подшаҳ ёфтӣ

Дар иқлӣму маликаш пена ёфтӣ

Ки бахшоиши орад бар умедвор

Ба умеди бахшоиши кирдигор

Газанд касонаш наёяд писанд

Ки тарсад ки дар маликаш ояд газанд

Вагар дар сиришти ваии ин хуй нест

Дар он кишвари осӯдагӣ буи нест

Агар пои бандии ризои пеши гир

Вагар як савории сари хеши гир

Фарохӣ дар он марз ва кишвар махоҳ

Ки дилтанги бинии раияти зи шоҳ

зи мустакбирон диловар битарс

Аз он ков натарсад з довар битарс

Дигар кишвар обод бинад ба хоб

Ки дорад дили аҳли кишвари хароб

Харобӣ ва бадномӣ ояд зи ҷавр

Расад пеши байни ин суханро ба ғӯр

Раият нишоед ба бедоди кишт

Ки мари салтанатро паноҳанду пушт

Муроот деҳқон кун аз баҳри хеш

Ки муздур хўшдл кунад кор беш

Мурувват набошад бадӣ бо касе

Каз ӯ некуӣ дида бошӣ басӣ

Шунидам ки хусрав ба шируия гуфт

Дар он дам ки чашмаши з дидан бихуфт

Бар он бош то ҳарчӣ ният кунӣ

Назар дар салоҳ раият кунӣ

Ало то напечӣ сар аз адлу рой

Ки мардуми з дастат напечанд пой

Гурезади раияти зи бидодгар

Кунад номи зишташ ба гетии смр

Басӣ бар наёяд ки бунёди худ

Бикунади он ки биниҳод бунёди бад

Харобӣ кунад марди шамшери зан

На чандон ки дӯди дили Тифлу зан

Чароғӣ ки бева занӣ барфурӯхт

Басӣ дида бошӣ ки шаҳрӣ бсухт

Аз он баҳраи вартар дар офоқ кист

Ки дар млкронӣ ба инсоф зист

Чу навбат расад зини ҷаҳони ғурбаташ

Тараҳҳум фиристанд бар турбаташ

Баду неки мардум чу ме бигузаранд

Ҳамон ба ки науммат ба некӣ баранд

Худотарсро бар раияти гумор

Ки меъмор маликаст парҳезгор

Бад андеш туаст ону хунхори халқ

Ки нафъ ту ҷӯяд дар озори халқ

Раёсат ба даст касоне хатост

Ки аз дасташони дастҳо брхдост

Нкўкорпрўр набинад бадӣ

Чу бади парварии хасми хӯни худӣ

Мукофоти мўзӣ ба молаш макун

Ки бехаш баровард бояд зи бен

Макун сабр бар омили зулми дӯст

Ки аз фарбеҳӣ боядаш кунад пӯст

Сари гург бояд ҳам аввал бурид

На чун гӯсфандон мардум дарид

Чаҳ хуш гуфт бозоргонии асир

Чу гардиш гирифтанд дуздон ба тир

Чу мардонагӣ ояд аз раҳзанон

Чаҳ мардони лашкар , чаҳ хайли занон

Шҳншаҳ ки бозоргонро бахаст

Дар хайр бар шаҳр ва лашкар бибаст

Кӣ он ҷо дигар ҳӯшмандони раванд

Чу овозаи расм бад бишинаванд ?

Накӯ боядат ному некии қабул

Накӯи дори бозоргону расӯл

Бузургони мусофир ба ҷон парваранд

Ки номи никуӣ ба олам баранд

Таба гардад он мамлакати ани қариб

Каз ӯ хотир озурда ояд ғариб

Ғариб ошно бошу сайёҳи дӯст

Ки сайёҳи ҷлоб ном накӯаст

Накӯи дори заифу мусофири азиз

Вази осебашон бар ҳазар бош низ

зи бегонаи парҳез кардан накӯаст

Ки душмани тавон буд дар зии дӯст

Ғарибӣ ки пар фитна бошад сараш

Маёзор ва берун кун аз кишвараш

Тугар хашм бар вай нагирӣ равост

Ки худ хуии бади душманаш дар қафост

Вагар порсӣ бошадаш зоду бум

Ба Санъоаши мФрсту сақлобу рӯм

Ҳам он ҷоамонаш мада то ба чошт

Нишоед бало бар дигар кас гумошт

Ки гӯйанд баргаштаи боди он замин

Каз ӯ мардум оянд беруни чунин

Қадямони худро беафзой қадар

Ки ҳаргиз наёяд зи парвардаи ғдр

Чу хидматгузорят гардад куҳан

Ҳақи солиёнаш Фромш макун

Гар ӯро ҳирами даст хизмат бибаст

Туро бар карам ҳамчунон даст ҳаст

Шунидам ки шопӯри дам дар кашид

Чу хусрав ба расмаши қалам дар кашид

Чу шуд ҳолаш аз бенавои табоҳ

Набшати ин ҳикоят ба наздики шоҳ

Чу базл ту кардам ҷавонии хеш

Ба ҳангоми перии мронми зи пеш

Амалгар диҳии марди манъами шинос

Ки муфлис надорад зи султони ҳарос

Чу муфлиси фурӯи баради гардан ба дӯш

Аз ӯ бар наёяд дигар ҷузи хурӯш

Чу мушаррафи ду даст аз амонати бдошт

Бибояд бар ӯ нозирӣ бар гумошт

Вар ӯ низ дар сохт бо хотираш

зи мушаррафи амал бар куну нозираш

Худои тарс бояд амонати гузор

Амин каз ту тарсади аминаши мадор

Амин бояд аз довари андишнок

На аз рафъи девону заҷру ҳалок

Биафшону бишумор ва фориғ нишин

Ки аз сад якеро набинӣ амин

Ду ҳамҷинси деринаро ҳам қалам

Набояд фиристод як ҷо ба ҳам

Чаҳ доне ки ҳамдаст гирданду ёр

Яке дузд бошад , яке пардаи дор

Чу дуздони зи ҳам бок доранду бим

Равад дар миёни корвонии салим

Якеро ки маъзул кардӣ зи ҷоҳ

Чу чанде барояд бубахшаш гуноҳ

Бар овардани коми умедвор

Ба аз қайди бандӣ шикастан ҳазор

Нависандарогар сутуни амал

Биафтад , набарди таноби амл

Ба Фрмонброн бар шаҳи додгар

Пдрўор хашм оварад бар писар

Гуҳаш мезанад то шавад дарднок

Гуҳӣ мекунад обаш аз дидаи пок

Чу нармӣ кунӣ хасм гардад далер

Вагар хашм гирӣ шаванд аз ту сайр

Дуруштӣу нармӣ ба ҳам дар ба аст

Чу раги зан ки ҷарроҳу марҳам на аст

Ҷавонмарду хуши хуй ва бахшанда бош

Чу ҳақ бар ту пошади ту бар халқи пош

Наомад каси андари ҷаҳон ков бимонад

Магари он каз ӯ ном некӯ бимонад

Намурда он ки монад пас аз вай ба ҷой

Пулу хонӣу хону меҳмони сарой

Ҳар он ков намонад аз пасаш ёдгор

Дарахт вуҷӯдаш наёвард бор

Вагар рафту осор хайраш намонад

Нишоед пас маргаш алҳмд хонд

Чу хоҳӣ ки науммат буд ҷовдон

Макун номи неки бузургони ниҳон

Ҳамин нақш бар хон пас аз аҳди хеш

Ки дидӣ пас аз аҳди шоҳони пеш

Ҳамин кому ноз ва тараб доштанд

Ба охир бирафтанду бгзоштнд

Яке номи некӯи бабрад аз ҷаҳон

Яке расм бад монад аз ӯ ҷовдон

Ба самъ ризо машну аизои кас

Вагар гуфта ояд ба ғӯраш барис

Гунаҳкорро узри нисёни буна

Чу зинҳор хоҳанд зинҳори даҳ

Гар ояд гунаҳкории андари паноҳ

На шартаст куштан ба аввали гуноҳ

Чу борӣ бигуфтанд ва нишнид панд

Бидиҳ гӯшмолаш ба зиндону банд

Вагар панд ва бандаш наёяд бакор

Дарахтӣ хабисаст бехаш барор

Чу хашм оядат бар гуноҳ касе

Таъаммули куниш дар уқубати басӣ

Ки саҳласт лаъли Бадахшони шикаст

Шикаста нишоед дигарбораи баст