Накукор мардум набошад бадаш
Наварзад касе бад ки нек уфтадаш
Шари ангези ҳам бар сар шар шавад
Чу каждум ки бо хона камтар шавад
Агар нафъи кас дар ниҳод ту нест
Чунин гавҳару санги хоро яке аст
Ғалат гуфтам эй ёри шоистаи хуй
Ки нафъаст дар оҳану санг ва рӯй
Чунин одамии мурда ба нанг ро
Ки бар ваии фазилат буд санг ро
На ҳар одамии зода аз дад ба аст
Ки дади зи одамии зодаи бад ба аст
Бааст аз дади инсони соҳиби хирад
На инсон ки дар мардум уфтад чу дад
Чу инсон надонад ба ҷуз хӯрду хоб
Кадомаши фазилат буд бар дўоб ?
Савори нигуни бахт бе роҳрав
Пиёдаи баради з ӯ ба рафтани гарав
Касе дона никмрдӣ накошт
Каз ӯ хирмани ком дил барнадошт
На ҳаргиз шунидем дар умри хеш
Ки бдмрдро некӣ омад ба пеш