Ба тадбири ҷанги бад андеш кӯш

Масолеҳ биандеш ва ният бапуш

Манеҳ дар миёни роз бо ҳар касе

Ки ҷосуси ҳам коса дидам басӣ

Сикандар ки бо шарқён ҳарб дошт

Дар хайма гӯйанд дар ғарб дошт

Чу баҳман ба зоўлстон хост шуд

Чапи овозаи афканд ва аз рост шуд

Агар ҷуз ту донад ки азм ту чист

Бар он ройу дониш бибояд гирист

Карам кун , на пархошу кин оварӣ

Ки олам ба зери нигин оварӣ

Чу корӣ бар ояд ба лутфу хушӣ

Чаҳ ҳоҷат ба тундӣу гардани кашӣ ?

Нахоҳӣ ки бошад дилати дардманд

Дили дардмандон баровар зи банд

Ба бозу тавоно набошад сипоҳ

Бирав ҳиммат аз нотавонон бихоҳ

Дуои заъифони умедвор

зи бозуии мардӣ ба ояд ба кор

Ҳар он костъонт ба дарвеши барад

Агар бар Фаридун зад аз пеши барад