Шабӣ ёд дорам ки чашмам нахуфт
Шунидам ки парвона бо шамъ гуфт
Ки ман ошиқам гар бисӯзам равост
Туро гиряу сӯз борӣ чарост ?
Бигуфт эй ҳаводори мискини ман
Бирафт ангабини ёри ширини ман
Чу ширинӣ аз ман ба дар ме равад
Чу Фарҳодами оташ ба сар ме равад
Ҳаме гуфт ва ҳар лаҳзаи сайлоби дард
Фурӯ май давидаш ба рухсори зард
Ки эй муддаии ишқи кор ту нест
Ки на сабри дорӣ на ёроии ист
Ту бигурезӣ аз пеши як шуълаи хом
Ман устодаам то бисӯзам тамом
Туро оташи ишқ агар пар бсухт
Марои байн ки аз пой то сар бсухт
Ҳамаи шаб дар ин гуфту гӯ буд шамъ
Ба дидор ӯ вақти асҳоб , ҷамъ
Нарафта зи шаб ҳамчунон баҳра Эй
Ки ногуҳ бикушташ причҳраҳ Эй
Ҳаме гуфт ва мерафт дӯдаш ба сар
Ки инаст поёни ишқ , эй писар
Агар ошиқии хоҳии омухтан
Ба куштани фараҷи ёбӣ аз сӯхтан
Макун гиря бар гӯри мақтӯли дӯст
Бирав хуррамӣ кун ки мақбул ӯст
Агар ошиқӣ сар машавӣ аз мараз
Чу саъдии фурӯи шӯии даст аз ғараз
Фидойӣ надорад зи мақсӯди чанг
Вагар бар сараши тири боринду санг
Ба дарё Марв гуфтамат зинҳор
Вагар май рӯй тан ба тӯфон сипор