Якеро аз дӯстон гуфтам : имтиноъи сухани гуфтанам ба иллати он ихтиёр омадааст дар ғолиби авқот ки дар сухани неку бад иттифоқ уфтаду дидаи душманони ҷуз бар бадӣ намеояд . Гуфт : душмани он ба ки некӣ набинад .

Ва ахўи алъдоўаҳи лои имри бсолҳ

Алоу илмзаҳи бкзоби ашр

Ҳунар ба чашми адовати бузургтар айб аст

Гуласт саъдӣ ва дар чашми душманон хор аст

Нур гетӣ фурӯз чашмаи ҳўр

Зишт бошад ба чашми мӯшаки кӯр