Тамом шуд китоби гулистони валлоҳи алмстъон ба тавфиқи бории ъзи исма . Дар ин ҷумлаи чунон ки расм муаллифонаст , аз шеъри мутақаддимон ба тариқи истиорат талфиқӣ нарафт .

Куҳани хирқаи хеш перостан

Ба аз ҷомаи орият хостан

Ғолиби гуфтори саъдии тараб ангезасту таййибатомезу кӯтаҳи назаронро бад-ӣни иллати забони таън дароз гардад ки мағзи димоғи беҳудаи бурдану дӯди чароғ бефоида хӯрдани кор хирадмандон нест , валикин бар рои равшани соҳибдилон ки рӯй сухан дар эшонаст пӯшида намонад ки дар мавъизаҳои шоФиро дар силк иборат кашидаасту доруии талхи насиҳат ба шаҳди зарофат бар омехта то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрӯм намонад алҳмдллаҳи раби Алъоламин .

Мо насиҳат ба ҷой худ кардем

Рӯзгорӣ дар ин ба сар барадем

Гар наёяд ба гӯши рағбати кас

Бар расӯлон паём бошаду бас

ё нозрои фӣаи сили биллоҳи мрҳмаҳ

Алии алмснФу астғФри лсоҳбаҳ

Ва атлби лнФски ман хайр таред баҳо

Ман баъди злки ғФронои лкотбаҳ