Ҳасуд аз неъмати ҳақ бахиласту банда бегуноҳро душман медорад .
Мардакии хушки мағзро дидам
Рафта дар пӯстин соҳиби ҷоҳ
Гуфтам эй хоҷагар ту бадбахтӣ
Мардуми некбахтро чаҳ гуноҳ
Ало то нахоҳӣ бало бар ҳасуд
Ки он бахти баргаштаи худ дар балост
Чаҳ ҳоҷат ки бо ӯ кунӣ душманӣ
Ки ӯро чунин душманӣ дар қафост