эй сипаҳи ишқи ту бар мо зада

Сабру дили мо ҳама яғмо зада

Ҷони ман аз ишқи ту ларзон шуда

Ҳамчуи тани мардум сармо зада

Бар ман бечора набахше ва ман

Ҷуз ба ризои ту нафас нозада

Рӯй ту дебо ва маро орзӯаст

Бӯса барон рӯй чу дебо зада

Нест заминӣ ки бубинами ҳаме

Боргаҳи васли ту онҷо зада