Қурби як моҳ шуд ки дар шаби рӯз
Чашми ман моҳ ва офтоб надид
Андари он хонаам ки дар ҳамаи умр
Ҳеҷ ҷғдии чунон хароб надид
зи оташи дил кабоб шуд ҷигарам
зи оташи дил касе кабоб надид
То дар ин хонаам зи бедорӣ
Дидаи ман хаёл хоб надид
Каси ҳадиси марои ҷавоби надод
Каси халоси маро савоб надид
Ҳеҷ муъмини чунин итоб наёфт
Ҳеҷ кофари чунин азоб надид
Ҳамчунон мехӯрам таому шароб
Ки касе хоб дид ва об надид
Ҳеҷ муслеҳи чунин таом нахурд
Ҳеҷ муфсиди чунин шароб надид
Бехато бар ман ин хитоб чарост
Бе хатои каси чунин хитоб надид