Бигардон рӯй дил аз фикрати бад

Ки бад кардан на кор бхрдон аст

Бадии андеша кардан дар ҳақи халқ

Бадии кори ту дар вай ниҳон аст

Касе ки некии андешад ба ҳар кас

Ба некӣ дар ҷаҳони соҳиб қирон аст

Бирав некӣ кун ва аз бад бипарҳез

Ки бад кардан на кор зиракон аст

Агар некӣ кунӣ пинҳон на зоҳир

Ба назд неки мардони некӣ он аст

Ки бдгўро сухан бо неки андеш

Ба ҳарзаи чн дароӣ корвон аст