Нест мумкин ки ба васл ту расад кас ба шитоб

Чаҳ кунам сабр кунам то ба мудоро бирасад

Ваъдаи бӯсаи зи имрӯз ба фардо фиканӣ

Вои ман гар нарасад бӯса ва фардо бирасад

Бӯсаеро лабат аз ман ба дилӣ қонеъ нест

Қасд ҷон кард ба мақсад бирасад ё нарасад

Ин чунин ишқ ки ман дорам аз он лаб ки ту рост

Ҳеҷ шак нест ки ин кор бидонҷо нарасад