Гарчи ҷони мо ба зоҳир ҳаст аз ҷонони ҷудо

Мавҷро натавон шимурд аз баҳр бе поёни ҷудо

Аз ҷудои қатъи пайванди худоӣ мушкил аст

Гар шавад сӣ пора , аз ҳам кӣ шавад қуръони ҷудо ?

намешавад бегонагонро даврии зоҳири ҳиҷоб

Ошноёнро намесозад зи ҳам ҳиҷрони ҷудо

Зуд май пошади зи ҳам ҷамъият бе насабатон

Донаро аз коҳ дар хирман кунад деҳқони ҷудо

Дил ба душвории тавон бардошт аз ҷони азиз

намешавад ё раби сухан чун аз лаби ҷонони ҷудо

То ту эй сарви равон аз боғи беруни рафта Эй

Дасти афсӯсии сет ҳар баррагӣ дар ин бустони ҷудо

Ҳаст бо ҳар зарраи хоки ман ҷунуни комилӣ

намекунад ҳар қатра аз дарёии ман тӯфони ҷудо

Ишқ ҳайҳотаст дар хилват шавад ғофили зи ҳасан

Нест дар зиндони Зулайхо аз маи канъони ҷудо

наме тавон аз олами афсурдаи дили бардошти зуд

Аз танур сард мегардад ба гармии нони ҷудо

Кам нагардад ончӣ меояд ба хӯни дил ба даст

Нест аз домони дарёи панҷаи марҷони ҷудо

Қонеъ аз рӯзӣ ба талху шӯри шӯи соиб ки сохт

Пистаро омезиши қанд аз лаби хандони ҷудо