намешаванд аз срдмҳрии дӯстон аз ҳам ҷудо
Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо
Қатра шуд сайлоб ва восил шуд ба дарёии муҳӣт
То ба кӣ бошед эй беғайратон аз ҳам ҷудо
Гар ду бенисбат ба ҳам сад сол бошанд ошно
намекунад бенисбатӣ дар як замон аз ҳам ҷудо
Дар нагирад суҳбати перу ҷавон бо икдгр
То ба ҳам пайваст , шуд тиру камон аз ҳам ҷудо
Май пазирад чун гулоб аз кӯраи ранги иттиҳод
Гарчи бошад барги барги гулистон аз ҳам ҷудо
То туро аз давр дидам рафт ақлу ҳуши ман
намешавад наздики манзили корвон аз ҳам ҷудо
То чу занбӯри асал дар чашми ҳам ширин шаванд
Ба ки бошад хонаҳои дӯстон аз ҳам ҷудо
Дар хамӯшӣ ҳарфҳои мухталифи як нуқта анд
намекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо
Пеши арбоби басирати гуфтугӯии ишқу ақл
Ҳаст чун бедорӣу хоби гарон аз ҳам ҷудо
Гарчи дар суҳбати қисмҳо бар сар ҳам ме хуранд
Хӯни худро мехуранд ин дӯстон аз ҳам ҷудо
Нест мумкини ошноёнро ҷудо кардани зи ҳам
намекунад бегонагонро осмон аз ҳам ҷудо
Лафзу маъниро ба теғ аз икдгр натавон бурид
Кист соиб то кунад ҷонону ҷон аз ҳам ҷудо ?